ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “БАРНОМАСОЗИ ҶАВОН” БАРГУЗОР ГАРДИД

Навидҳо

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди маориф ва илм таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Ба таъкиди Пешвои миллат: “Асри XXI асри технологияи нав ва информатика мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд дар бораи ҷавонон ҳарчи бештар ғамхорӣ намоем, то ки онҳо пурра дастовардҳои илму фарҳанги ҷаҳони имрӯзаро аз худ намоянд”.

Дар ин самт Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ёрии амалӣ расондан ба омӯзгорону хонандагон дар самти татбиқи васеи барномаҳои муосири электронӣ дар раванди таълиму тарбияи наврасону ҷавонон тадбирҳои зиёдро амалӣ мекунад.

Ин навбат, бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.01.2020, №1445 оид ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” озмуни ҷумҳуриявии “Барномасози ҷавон” баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории озмун тавсеаи тафаккури техникии насли наврас, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги техникӣ, шавқу ҳаваси хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба омӯзиши фанни технологияи иттилоотӣ, шиносоии бештари хонандагон бо кашфиёти илмҳои муосир, ташаккули тафаккури мантиқии хонандагон, бедор намудани шавқу завқи онҳо дар ҳалли масъалаҳои мураккаби фаннӣ, баёни озодонаи фикр, аз худ намудани технологияи иттилоотӣ — коммуникатсионӣ, истифодаи комёбиҳои соҳаҳои гуногуни илму техникаи муосир, дарёфти хонандагони болаёқат, ки ба омӯзиши фанни технологияи иттилоотӣ шавқу завқ доранд, ташвиқ ва тарғиби хонандагон дар самти созандагию эҷодкорӣ мебошад.

Озмун тибқи талаботи Низомнома барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар ташкил шуда, 4 номинаро дар бар гирифт:

1. барномасозӣ;

2. веб-барномасозӣ;

3. сохтани манбаи маълумот (база данных);

4. Сохтани шабакаҳои иттилоотӣ.

Дар озмун аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ хонандагони боистеъдод ҷамъ омада, сабқат намуданд. Дар асоси талаботи озмун фаъолияти довталабон аз назари доварон баҳогузорӣ шуда, беҳтарин барномасозони оянда ғолиб омаданд.

Ғолибон бо туҳфаҳои молиявӣ ва ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм сарфароз гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *