30-юми декабри соли равон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Дарёфт, мушкилот ва дурнамои истифодабарии технологияи муосир дар раванди таълим» бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илм, Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ семинар-машварат баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳи семинар-машварат К.Назаров-директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия қайд кард, ки ҳадаф аз ташкил намудани семинар-машварати мазкур амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040”, ҳамчунин, баланд бардоштани савияи дониши техникӣ, малакаю маҳорати касбии омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ ва кормандони техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии кишвар мебошад.
Дар семинар-машварат ба шунавандагон дар мавзӯъҳои “Технологияи бунёди web-замима бо истифода аз HTML ва Css”, “Истифодаи муносибати босалоҳият дар таълими фанни технологияи иттилоотӣ”, “Истифодабарии технологияи иттилоотӣ барои ҳалли масъалаҳои математикию оморӣ” маърӯзаҳо пешниҳод гардид. Дар баробари ин, миёни иштирокчиён дар мавзӯъҳои мухталифи марбут ба соҳаи технолгияи информатсионӣ ва коммуникатсия мубоҳисаву музокира сурат гирифт.
Инчунин, зикр гардид, ки минбаъд дар ҳар муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии кишвар барои омӯзгорони фанни технологияи информатсионӣ ва кормандони техникӣ курсҳои омӯзишии даҳрӯза роҳандозӣ мегардад.