11 августи соли 2025 дар Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхуҷа Асирии шаҳри Хуҷанд даври сеюми (вилоятӣ) озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи номинатсияҳои адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классики тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон оғоз гардид.
Дар маросими кушодашавии даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб» муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода, муовини раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода, ҳайати комиссияи озмун ва ғолибони даври дуюм иштирок намуданд.
Муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини раиси вилоят зимни суханронӣ барои таъмини шаффофият ва дар сатҳи баланд баргузор намудани даври сеюми озмун ба масъулин дастурҳои мушаххас дода, ба иштирокчиён муваффақиятҳо таманно намуданд.
Баъди маросими ифтитоҳи озмун ҳамаи иштирокчиён ва доварон аз рӯи номинатсияҳо вориди синфхонаҳо гардиданд. Ҳамин тавр, рӯзи аввали озмун бо рӯҳияи баланд ва омодагии ҳаматарафа оғоз ёфт.



