ТАБРИКОТИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МУНОСИБАТИ ҒОЛИБИЯТИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАТЕМАТИКӢ

Навидҳо

Бо ифтихори бузург ва эҳсоси сарфарозӣ ғолиб омадани хонандагони лаёқатманди тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии математика (IMO-2025), ки аз 10 то 20 июли соли 2025 дар шаҳри Саншайн-Кости иёлати Квисленди Австралия баргузор гардид, ба тамоми мардуми Тоҷикистон, омӯзгорон, падару модарони арҷманд ва алалхусус иштирокдорони пирӯзманд самимона табрик ва таҳният мегӯям.

Дастовардҳои шоистаи хонандагони кишвар — Машрафҷон Иномов ва Олимҷон Тухтаров, ки сазовори медалҳои нуқра гардиданд ва Меҳрубон Юсупов, ки мақоми ифтихориро ба даст овард, мояи ифтихори тамоми мардуми Тоҷикистон аст.

Ин муваффақиятҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонони мо бо такя ба дониш, заҳмат ва дастгирии пайваста метавонанд дар зинаҳои баланди байналмилалӣ парчами Тоҷикистонро бо ифтихор баланд бардоранд.

Ин пирӯзии таърихӣ, бешубҳа, самари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҳамаҷонибаи рушди соҳаи маориф ва тарбияи насли наврас мебошад. Бо раҳнамоии Пешвои муаззами миллат имрӯз ҷавонони тоҷик дар маркази таваҷҷуҳи давлат қарор доранд ва ба шарофати шароити фароҳамшуда имконият пайдо мекунанд, ки истеъдоду дониши худро дар сатҳи ҷаҳонӣ нишон диҳанд.

Бояд ёдовар шуд, ки раванди омодасозӣ ва сафарбарсозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба чунин олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар доираи амалисозии Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025 сурат гирифта, тамоми хароҷоти он аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ амалӣ шуда истодааст.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ барои дастгирии хонандагони боистеъдод, омӯзгорон ва таъмини рушди устувори низоми маориф кӯшиши бештар ба харҷ хоҳад дод.

Ба ғолибони Олимпиадаи мазкур сиҳатмандӣ, саодатмандӣ ва комёбиҳои рӯзафзун орзу намуда, умед дорем, ки онҳо дар оянда низ бо дастовардҳои нави илмӣ шарафи илм ва маорифи тоҷикро баланд бардошта, намунаи ибрати ҷавонони дигар хоҳанд буд.

Бо камоли хушнудӣ,

Саидзода Раҳим Ҳамро,

вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *