Санаи 11 октябри соли равон дар Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Системаи иттилоотии идоракунии соҳаи маориф чорабинӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагони ташкилотҳои шарикони рушд ва мутахассисони пешбари соҳаи маориф ширкат варзиданд.
Дар доираи чорабинӣ, кормандони Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ Системаи иттилоотии идоракунии соҳаи маорифро ба пуррагӣ муаррифӣ намуданд. Ҳозирон бо имкониятҳои ин система, ки равандҳои асосии идоракунии муассисаҳои таълимӣ ва маълумоти таълимиро фаро мегирад, шинос карда шуданд. Муаррифӣ нишон дод, ки низом на танҳо идоракунии самараноки маълумоти хонандагон ва омӯзгоронро таъмин менамояд, балки низоми ягонаи таҳлил ва баҳодиҳии пешрафти таълимро низ пешниҳод мекунад.
Намояндагони ташкилотҳои шарикони рушд аҳамияти татбиқи чунин низомро дар рушди соҳаи маориф таъкид намуда, омодагии худро барои ҳамкорӣ ва дастгирии минбаъда иброз доштанд. Таъкид шуд, ки ин ташаббус метавонад ба сатҳи идоракунии муассисаҳои таълимӣ таъсири мусбат расонад ва сифат ва шаффофияти таҳсилотро баланд бардорад.
Чорабинӣ бо муҳокимаи фаъол ва пешниҳодҳои мутахассисон дар самти такмили минбаъдаи система ва таъмини дастрасӣ ба воситаҳои иттилоотии муосир анҷом ёфт.