07.07.2025
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев тақсимоти хатмкунандагони равияи омузгорӣ, ки тибқи квотаи президентӣ ва тариқи буҷавӣ таҳсил мекунанд, баргузор гардид. Дар тақсимот раёсати донишгоҳ, сардори раёсати маорифи ВМКБ, мудирони маорифи шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Қайд гардид, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ин қишри ҷомеаро ояндаи миллат номидаанд. Солҳои охир шароит барои омӯзгорони ҷавон дар кишвар муҳайё гардидааст.
Аз ин рӯ, сари вақт ҳозир шудани мутахассиони ҷавон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд таъмин карда шавад. Ҳадафи асосии ин раванд таъмини муассисаҳои таълимӣ бо мутахассисони ҷавони дорои дониш ва малакаҳои муосир мебошад.



