ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО МИЁНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ВИЛОЯТИ ТОМСКИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

Навидҳо

27 августи соли 2025 дар шаҳри Душанбе вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода бо ҳайати расмии вилояти Томски Федератсияи Россия таҳти роҳбарии муовини раиси вилояти мазкур баргузор гардид.

Дар оғоз муовини якуми вазири маориф ва илм бо ишора ба нақши стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар минтақа таъкид намуд, ки соҳаи маориф ва илм дар сиёсати давлатии кишвар мақоми марказӣ дошта, Тоҷикистон дар ҳадафи дарозмуддати худ ҳамкориҳои байналмилалиро бо марказҳои пешрафтаи таълимӣ ва илмии ҷаҳонӣ тақвият мебахшад.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон ба муносибатҳои илмию таълимӣ бо Федератсияи Россия ба ҳайси шарики муҳимми стратегӣ менигарад ва аҳаммияти табодули таҷриба, гузаронидани тадқиқоти муштаракро миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва вилояти Томск заминаи мусоид дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба мешуморад.

Муовини раиси вилояти Томск дар навбати худ, ба рушди устувори низоми маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки имконоти мавҷудаи вилояти Томск барои густариши робитаҳои мустақим бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард. Мавсуф пешниҳод намуд, ки дар баробари рушди ҳамкориҳо дар самти тайёр кардани мутахассисон, табодули омӯзгорон, донишҷӯён ва муҳаққиқон афзоиш ёбад ва сафари ҳайатҳои илмӣ ва маорифӣ аз ҳар ду ҷониб мунтазам ба роҳ монда шавад.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши робитаҳои байниминтақавӣ дар соҳаи маориф, табодули донишҷӯёну омӯзгорон, татбиқи лоиҳаҳои муштараки таҳсилоти фосилавӣ, таҳқиқоти илмии муштарак ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забони русӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ, такмили забондонӣ барои донишҷӯёну омӯзгорони тоҷик ва дастрасии васеъ ба имкониятҳои платформаҳои таҳсилоти фосилавии Россия дар маркази таваҷҷуҳи минбаъдаи ду кишвар қарор гирифтанд.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО МИЁНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ВИЛОЯТИ ТОМСКИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ img
ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО МИЁНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ВИЛОЯТИ ТОМСКИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ img
ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО МИЁНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ВИЛОЯТИ ТОМСКИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ img

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *