ТЕХНОЛОГИЯ ВА ЗАМОН

Навидҳо

МҶТИК: РӮ БА РУШД

17 январи соли 2024 дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия” ҷаласаи корӣ оид ба таҳлил, вазъ ва дурнамои Марказ ва бахшҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Директори муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия” Комрон Холов ҷаласаи кориро ифтитоҳ намуда, аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва Пешвои миллат нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуд. Ӯ дар зимн аз таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии кишвар ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар самти рақамикунонии соҳа ва гузариш ба таҳсилоти рақамӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки ба самти мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд ва баҳри инкишофи ин самти ҳаётан муҳимми замон имкониятҳоро ба мо пешниҳод ва таъмин менамоянд. Дар идома директор ба корҳои баанҷомрасондаи Марказ дар давоми 5 соли охир мухтасар ишора карда, фаъолияти муассисаро қаноатбахш арзёбӣ кард.

Сипас директори Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия дар назди раёсати маорифи ВМКБ Далер Тошхӯҷаев вобаста ба вазъ ва дурнамои фаъолияти муассиса баромад намуда, вобаста ба раванди иҷрои барномаҳои давлатӣ дар самти рақамикунонӣ дар ВМКБ ва дар бораи таъминоти муассисаҳои таълимии вилоят бо компютер маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Дар идома Акмал Нурализода — директори Маркази технологияи информатсиони ва коммуникатсия дар вилояти Хатлон дар бораи дурнамои фаъолияти муаасиса ва корҳои амалигардида дар соли 2023 маълумот пешниҳод карда, раванди таъмини муассисаҳоро бо воситаҳои муосири техникӣ, аз қабили компютер, проэктор, тахтаҳои электронии интерактивӣ дар вилоят хуб арзёбӣ намуд.

Вобаста ба фаъолияти Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия дар вилояти Суғд дар соли 2023 ва вазифаҳо дар соли 2024 директори муассиса Ирода Қодирова маъруза намуда, аз корҳои баанҷомрасондаи муассиса дар самти зикршуда маълумоти муфассал ироа ва аз ҳадафу вазифҳои Марказ дар соли 2024 ёдовар шуд.

Дар идомаи чорабинӣ директори Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” Зафар Муродзода доир ба дастовардҳои марказ ва дурнамои фаъолияти кории он маъруза намуда, вобаста ба раванди компютеркунонии муассисаҳои таълимии пойтахт, татбиқи барномаи электронии “eDonish”, роҳандозии портали ягонаи маорифи пойтахт, таҳияи нахустин барномаи компютерии интерактивӣ ва нашри маҷаллаи “Маориф: таҳлил ва иттилоот” маълумоти муфассал баён дошт. Мавзуф изҳор дошт, ки ҳамасола бо ташаббуси Марказ дар базаи муассисаҳои таълимии пойтахт курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ бо мақсади баланд бардоштани дониши техникӣ ва технологии омӯзгорони ҳамаи фанҳо дар давраи таътили зимистона баргузор гардида, дар давоми 5 соли охир зиёда аз 15000 омӯзгор ба чунин курсҳо ҷалб гардидаанд. З. Муродзода дар идома аз баргузории “Ҳафтаи илм, инноватсия ва ихтироъкорони навраси шаҳри Душанбе”, ки тайи солҳои охир дар пойтахти кишвар баргузор карда мешавад, ёдовар шуд.

Дар идома Ғайрат Гадоев — директори Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди раёсати маорифи шахри Ваҳдат, Ҳидоятулло Ашӯров — директори Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор ва Беҳрӯз Нозимов директори Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маорифи ноҳияи Варзоб доир ба фаъолияти муассисаҳои номбурда дар соли 2023 сухан карда, дурнамои фаъолияти худро барои соли 2024 муаррифӣ карданд.

Пас аз ҳар баромад маърузаҳо ба музокирот гузошта шуда, натиҷаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар маҷмуъ дар соли 2023 аз ҷониби ҳозирон қаноатбахш дониста шуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ҷаласаи мазкур роҳбарони марказҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи шаҳру ноҳияиҳои ҷумҳурӣ ба тариқи фосилавӣ ширкат варзиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *