ТИК: ВАЗЪИЯТ ВА ФАЪОЛИЯТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Навидҳо

17.05.2024 шаҳри Хуҷанд

Сафари гурӯҳи кории “Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад. Рӯзи дуюм вохӯрии директори Марказ бо директорони марказҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сурат гирифт. Дар рафти вохӯрӣ шиносоӣ бо кормандон ва фаъолияти марказҳо, базаи моддӣ — техникӣ ва кабинетҳои технологияи информатсионӣ дар мактаб-интернатҳои ҳудуди вилоят сурат гирифт.

Инчунин маълум гардид, ки дар марказҳои ҳудуди вилоят ҳоло ҳам компютерҳои наслҳои куҳна — Пентюм (1, 2, 3) дар анборҳо нигоҳ дошта мешаванд. Бо дар назардошти ин дастур дода шуд, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2012, №184 «Дар бораи тасдиқи тартиби аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосие, ки моликияти давлатӣ мебошанд» мавриди амал қарор дода шуда барои аз эътибор соқит намудани компютерҳои мазкур чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Ёдовар мешавем, ки фаъолияти марказҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, кабинетҳои технологияи иттилоотӣ, ҳолати пайвастшавӣ ба шабакаи интернет ва истифодабарӣ аз он, инчунин ҳолати истифодаи маводҳои рақамӣ дар раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят мавриди таҳлил қарор дода шуд.

Маркази Ҷумҳуриявии Технологияи Информатсионӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *