Аз 29 июн то 8 июли соли 2025 дар шаҳри Ханти-Мансийск, Федератсияи Русия Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика «ISPhO-2025» баргузор мегардад, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастаи мунтахаби иборат аз 3 нафар хонанда ва 1 нафар омӯзгор муаррифӣ менамоянд.
Ин олимпиада ба афзоиши шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши амиқи физика мусоидат намуда, ба дастаҳо имконияти беназири ба даст овардани таҷрибаи арзишманд дар ҳал ва моделсозии масъалаҳои назариявӣ ва таҷрибавӣ медиҳад.
Олимпиадаи ISPhO-2025 аз ду бахш назариявӣ ва таҷрибавӣ иборат буда, дар қисми назариявӣ иштирокдорон бояд 3 масъаларо ҳал кунанд. Яке аз масъалаҳои назариявӣ унсурҳои моделсозии компютерӣ ва таҳлилро дар бар мегирад. Дар бахши таҷрибавӣ бошад ба иштирокдорон супориш дода мешавад, то таҷриба гузаронанд, ки дар рафти он барои гирифтан ва коркарди маълумот компютер истифода шуда метавонад.
Олимпиадаи мазкур аз ҷониби Вазорати маорифи Федератсияи Русия, Ҳукумати Округи Мухтори Ханти-Мансийск – Югра ва Муассисаи давлатии федералии автономии таҳсилоти олии «Донишкадаи физикаву техникаи Москва (донишгоҳи тадқиқотӣ)» гузаронида мешавад.