Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода аз фаъолияти муассисаҳои таълимии №1 ва 2-и шаҳри Роғун дидан намуда, бо омӯзгорону хонандагон суҳбату вохӯрӣ анҷом дод.
Дар рафти вохӯрӣ бо ҳамзамон муовини вазир бо вазъи таълиму тарбия, давомоти хонандагон, рафти дарсҳо, лавозимоти хониши хонандагон, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ, сару либоси ягонаи мактабӣ, насби шиору овеза шинос шуд.
Муовини вазир бо омӯзгорону хонандагон суҳбат анҷом дода, барои беҳтар намудани сифати таҳсилот, бештар намудани маҳфилҳои беруназсинфии фаннӣ, ҷоннок кардани омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияи информатсионӣ, мусоидат дар баланд бардоштани масъулиятнокии волидон ва ҷалби бештари онҳо ба муассисаи таълимӣ, бештар кардани ишғоли ҷойҳои намоён дар олимпиада ва озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба масъулин дастуру супориш дод.

