ҒОЛИБОНИ ШОҲҶОИЗАҲОИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ДАР СОЛИ 2025

Навидҳо

Имрӯз, 4 декабри соли 2025 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор шуд, ки дар он 4 нафар довталабон сазовори Шоҳҷоизаи озмун гардиданд.

Дар натиҷа, Табассуми Ҷиёнхон, хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Муъминобод сазовори Шоҳҷоиза аз номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, Раҳимов Анушервон, донишҷӯйи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Данғара сазовори Шоҳҷоиза аз номинатсияи адабиёти классикии тоҷик, Шарифова Умеда, хонандаи синфи 4-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳияи Мастчоҳ сазовори Шоҳҷоизаи аз номинатсияи адабиёти муосири тоҷик ва Холиқова Фариса, хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-и ноҳияи Рӯдакӣ сазовори Шоҳҷоиза аз номинатсияи адабиёти ҷаҳон гардиданд.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *