ҶАЛАСАИ КОРӢ ДАР ДОИРАИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Навидҳо

28.02.2025

28-уми феврали соли ҷорӣ дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Ҳукумат ҷаласаи кории назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода зимни баргузории ҷаласа аз масъалаҳои дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасигардида ёдовар шуда, ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастуру супоришҳои мушахаас дод.

Дар ҷаласа масъалаҳои зиёде, аз ҷумла, вобаста ба мазмуну сифати китобҳои дарсӣ, омодагии омӯзгорон барои дарсгузарӣ, бартараф намудани норасоии кадрӣ, ободонии атрофи муассисаҳо, сохтмони муассисаҳои таълимӣ, дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни Наврӯз, назорати таҳсили донишҷӯён дар хориҷи кишвар, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва чанде дигар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, ки дар кори ҷаласа муовини вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ иштирок намуданд.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *