ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД

Навидҳо

30 сентябри соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Нахуст, вазири маориф ва илм аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни баргузории Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардида буданд, ёдовар шуда, бо таъкиди аҳаммияти иҷрои онҳо дар раванди таҳкими низоми таҳсилот ва рушди соҳаи илм, барои амалисозии босамари сиёсати давлат дар соҳаи маориф ба масъулон ва сохторҳои марбута супоришҳои мушаххас дод.

Сипас, вазири маориф ва илм иштирокчиёнро ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, таъкид кард, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон дошта, нисбат ба рушд ва пешрафти он пайваста ғамхориҳо зоҳир менамоянд. Дар Паёми навбатии худ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, дар ҷаласаҳои кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрию мулоқотҳо ва зимни сафарҳои корӣ ба манотиқи гуногуни мамлакат, аз ҷумла, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон (рӯзи 17 майи соли 2025 дар ноҳияи Данғара) баҳри рушди босуботи соҳаҳои илму маориф, баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор, ҳамзамон дар рушди неруи инсонӣ ва тараққиёти давлат нақши калидӣ ва саҳми бевосита доштани кормандони соҳаро борҳо таъкид карда, дар назди масъулин баҳри амалӣ гардидани қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои давлатӣ, стратегияҳо ва консепсияҳо дастуру супоришҳо қатъӣ додаанд.

Дар идома ҳисоботи Ҳ. Фаррух, мудири шуъбаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, иловагӣ ва интернатии раёсати маорифи вилояти Хатлон оид ба “Таъсиси марказҳои рушди барвақтии кӯдак дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон” шунида шуд.

Зимни баррасии масъалаи якум вазири маориф ва илм таъкид дошт, ки таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф маҳсуб ёфта, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дастгирӣ меёбад. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба соҳаи таҳсилоти томактабӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки назорат ва расонидани ёрии методӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбияи томактабӣ беҳтар гардида истодааст. Муассисаҳои томактабӣ, марказҳои инкишофи барвақтии кӯдак бо мақсади инкишофи қобилияти зеҳнӣ ва завқи донишандӯзии кӯдакон, дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани онҳо ва баланд бардоштани маҳорату малакаи эҷодии кӯдакону наврасон таъсис дода мешавад. Раёсати маорифи вилояти Хатлонро мебояд минбаъд низ ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти ҷойдоштаро давра ба давра бартараф намуда, кӯшиш менамояд, ки ба пешравиҳои назаррас ноил гардад.

Сипас, гузоришҳои С. Шаболов, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ оид ба “Тартиби таҳия ва амалигардонии барномаи иловагии таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва таҳсилоти умумӣ”, А. Файзуллозода, сардори раёсати робитаҳои байналмилалӣ оид ба “Вазъи ба сафарҳои хориҷӣ равон намудани кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои зерсохторҳои он” ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Дар идома директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ У. Ҳасанзода оид ба тасдиқи адабиёти таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ гузориш пешниҳод намуд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа, вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки бояд дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати беҳтар кардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, пешвози сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, тозаву озода нигоҳ доштани дохил ва атрофи муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД img
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД img
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД img

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *