ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНӢ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ

Навидҳо

Имрӯз, 19 сентбяри соли 2025 таҳти раёсати вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ситоди корӣ оид ба таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони касбӣ Раҳим Саидзода дар Вазорати маориф ва илм ҷаласаи онлайнӣ доир гардид.

Дар кори ҷаласа сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, сардорон ва мудирони раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои назоратии ҷиддии гузариш ба низоми баҳогузории 10-хола ва баҳогузории дуруст дар он, пур нагардидани журналҳо, назоратии қатъии иштироки хонандагон, бахусус хонандагони синфҳои болоӣ дар дарсҳо, назорати ҳолати гигиении муассисаҳои таълимӣ, омодагӣ барои зимистонгузаронӣ, дуруст фаъолият накардани сохторҳои роҳбарикунандаи муассисаҳои таълимӣ, дар дарсҳо ҳузур надоштани омӯзгорон ва риояи либоси ягонаи мактабӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар охир, раиси Ситод ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бартараф намудани камбудиҳои масъалаҳои дар боло зикршуда супоришҳои мушаххас дода, вобаста ба ҳар масъала қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНӢ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ img
ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНӢ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ img

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *