5 сентябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода ҷаласаи Шурои муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур намояндагони Вазорати маориф ва илм ва муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини якуми вазири маориф ва илм оғоз намуда, изҳор дошт, ки бо мақсади татбиқи амалии сиёсати маорифпарварона ва илмҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар заминаи иҷрои вазифаҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи маориф ва илм, инчунин, таҳкими заминаҳои ҳуқуқии рушди илму техника, Вазорати маориф ва илм, Шурои муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро таъсис дод, ки фаъолияти он ба ҳамоҳангсозии иқдомҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, рушди навоварӣ ва густариши ҳамкориҳои илмӣ байни донишгоҳу донишкадаҳо равона шудааст.
Ҷаласа тибқи рӯзнома баргузор гардида, бо мувофиқаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, бо дарназардошти таҷрибаи корӣ, тахассус ва саҳми арзандаи кадрҳо дар рушди соҳаи илм ва инноватсия, ҳайати роҳбарикунандаи Шурои муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тасдиқ гардида, Сафарбекзода Ҳукмиддин Сафарбек — доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, муовини ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба ҳайси раиси Шуро таъин шуд.
Дар ин замина, бо мақсади таъмини фаъолияти пурсамар ва ҳамоҳангсозии самтҳои афзалиятноки илмӣ дар сатҳи миллӣ, Абдуллозода Рамазон — номзади илмҳои техникӣ, муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ ба вазифаи муовини раис ва Абдуллозода Маҳфуза -сармутахассиси раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм ба ҳайси котиби Шуро таъин гардиданд.
Сипас, сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм, А. Раҳмонзода, оид ба муаррифии портали «Пойгоҳи миллии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ» ва тасдиқи намунаи ҳисоботи илмӣ суханронӣ намуда, таъкид кард, ки ин портал ҳамчун манбаи ягонаи иттилоотӣ барои ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва таҳлили маълумотҳои кадрҳои илмӣ ва педагогӣ дар сатҳи миллӣ хизмат намуда, бо ин роҳ имконият медиҳад, ки рушди соҳаи илм ва маориф бо ҳамоҳангӣ ва самаранокӣ ба роҳ монда шавад, ҳамзамон ӯ қайд намуд, ки тасдиқи намунаи ҳисоботи илмӣ, ки дар асоси маълумоти ин пойгоҳ таҳия шудааст, ҳамчун асоси муҳимми баҳодиҳӣ ва арзёбии фаъолияти илмӣ-педагогӣ дар муассисаҳои таълимӣ истифода шуда, ба беҳтар гардидани сифати тадқиқот ва самаранокии фаъолият мусоидат мекунад.
Ҳамзамон, сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ Ш. Бозоров оид ба таҷдиди назар дар Низомномаи зинаи таҳсили магистратура суханронӣ намуд.
Вобаста ба масъалаи баррасишаванда аз ҷониби муовини якуми вазири маориф ва илм ба Шуро ва аъзоёни он дастур дода шуд, ки бандҳои Низомномаи магистратураро дар якҷоягӣ бо раёсати илм ва инноватсия мавриди баррасӣ қарор дода, саривақт чораҷӯӣ намоянд.
Дар охир муовини якуми вазири маориф ва илм ба ҳамаи иштирокчиёни ҷаласа дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, баланд бардоштани масъулияти касбӣ, тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи худшиносии милливу ватандӯсти комёбиҳо таманно намуд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон


