6 сентябри соли 2024, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси сиёсати инсондӯстона ва хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Шаҳринав ташриф оварданд. Ин ташриф дар арафаи ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор шуда, ба кӯдакони ятим туҳфаҳои гуногун, аз ҷумла 3 компютер, 2 диски сахт бо китобҳои электронӣ ва видеодарсҳо, 3000 диск бо маводи таълимӣ, инчунин дигар ашёҳои зарурӣ тақдим гардиданд.
Ҳадафи ин ташаббус беҳбуд бахшидани шароити зиндагии кӯдакони ятим ва фароҳам овардани воситаҳои зарурӣ барои таҳсил ва рушди шахсият буд. Вазорати маориф ва илм дар дастгирии доимии кӯдакон ва фароҳам овардани шароити баробар барои онҳо талош дорад.
Ҳангоми ташриф, намояндагони Вазорат аз шароити таълимӣ ва зиндагии тарбиятгирандагони мактаб-интернат боздид намуда, бо кормандони муассиса дар бораи масъалаҳои муҳими марбут ба сатҳи таълим ва нигоҳубини кӯдакон мубодилаи афкор карданд.