БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ МУШОВАРА “ДОИР БА ФАЪОЛИЯТИ САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР ШАШМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025”

Мақолаҳо

03.07.2025

3 июли соли 2025 дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Умари Хайём» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷаласаи мушовара “Доир ба фаъолияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар шашмоҳаи аввали соли 2025” бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа Одилзода Дилбар Раҳим, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан Азам, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, сарнозири раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Фаромарз Назришо, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саъдизода Ҷаҳонгир, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе Дилрабо Маҳмашарифзода, мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Гулзод Махкамбой, мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Аҳтамзода Абдуалим, иҷрокунандаи мудири бахши васояту парастории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдукаримзода Хушнуд, кормандони КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аъзои ҳайати мушовара, кормандони Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маориф ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии новобаста аз шакли моликият баргузор гардид.

Нахуст, баъд аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаи маорифи шаҳри Душанбе, ҳолати кунунии рушди соҳа, дурнамои он, кабудиҳои ҷойдошта, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва омилҳои таъсиррасони он, сифат ва самаранокии фаъолияти таълимиву тарбиявии муассисаҳои таълимии пойтахти кишварро дар шашмоҳаи аввали соли 2025 баромад намуданд.

Зикр гардид, ки ҷаласаи мушовараи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе доир ба ҷамъбасти фаъолияти аҳли маорифи пойтахт дар шашмоҳаи аввали соли 2025 зери таассуроту ҳисси ифтихор ва арҷгузории амиқ ба арзишҳои муқаддаси сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ дар Ватани азизамон — Ваҳдати миллӣ, ки барои мо на танҳо рамзи сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, балки омили асосии рушди устувори ҳамаи соҳаҳои кишвар, аз ҷумлаи соҳаи маориф аст, баргузор гашта, ҳамзамон муждарасони кору пайкори созандагиву ободкорӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35 -солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон мебошад.

Айни замон Тоҷикистон дар марҳалаи рушди устувор қарор дошта, тадбиқи ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсӣ ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот нишонаҳои возеҳи рушди соҳаи маориф буда, заминаи Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар тантанаи идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ таъкид намуданд, ки дар шароити ҳозира ҳар як фарди худогоҳи мамлакатро зарур аст, ки барои дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва расидан ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ тарбия кардани фарзандони худ, яъне наврасону ҷавонон саъю талош варзад.

Дар робита ба ин бояд қайд кард, ки маҳз мураббӣ, омӯзгор ташаккулдиҳандаву инкишофдиҳандаи ҷаҳонбинии илмиву маънавии наврасону ҷавонон буда, омӯзонидани эҳтиёт ва ҳифз намудани асолати давлатдории миллӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, сулҳу субот ва Ваҳдати миллии давлати озоду соҳибихтиёр рисолати муқаддаси ҳар як корманди соҳаи маориф аст.

Айни замон, дар пойтахт 37 фисади кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбияи аввалия фаро гирифта шудаанд, ки аз он шумора 74 дарсади кӯдакон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии буҷетӣ, 13,0 дарсад дар 62 адад кўдакистонҳои хусусӣ, 7,0 дарсад дар 12 адад муассисаҳои томактабии назди корхонаву муассисаҳо ва 6,0 фисади кўдакон дар 104 адад гурўҳи инкишофи кўдакони назди муассисаҳои таълимӣ тарбия ва таълим мегиранд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳри Душанбе 210 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 13 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 19 умумии асосӣ ва 177 миёнаи умумӣ ва 1 муассисаи таҳсилоти ғоибона фаъолият менамояд.

Аз ин теъдод 149 муассисаҳои таълимии буҷетӣ, 10 адад муассисаи таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта, 13 адад муассисаҳои таълимии тобеи ташкилоту идораҳо, 38 адад муассисаи таълимии ғайридавлатӣ мебошанд, ки бо фарогирии 302190 нафар хонанда фаъолият намуданд.

Бояд қайд кард, ки шумораи хонандагон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16812 нафар зиёд мебошад.

Дар шањри Душанбе 5 муассисаи интернатӣ фаъолият менамояд, ки дар он 883 нафар хонанда, ки аз ин шумора 503 нафар маъюб, 34 нафар ятими кул, 276 нафар нимятим, 269 нафар аз оилаи камбизоат ба таълиму тарбияи фаро гирифта шудаанд.

Иҷроиши барномаҳои таълимӣ ва азхудкунии он аз ҷониби хонандагон яке аз самтҳои асосии фаъолияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе буда, ҳамасола рафти иҷрои он дар нақшаи солонаи фаъолияти Сарраёсат тарҳрезӣ гардида, зина ба зина мавриди санҷиш, омўзиш ва таҳлил қарор дода мешавад.

Дар ҷамъбасти соли таҳсили 2024-2025 сифати таҳсилот 45,8 фоиз ва дараҷаи азхудкунӣ 99,3 фоизро -ро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 0,4 ва 0,1 дарсад баланд шудааст.

Инчунин, бояд қайд кард, ки аз шумораи умумии 301217 нафар хонанда 94088 нафар хонандагони синфҳои 1, 2, 3 ба синфи навбатӣ гузаронида шуда, 166760 нафар ба аттестатсияи хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи асосӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ роҳ дода шудаанд.

Айни замон ҳуҷҷатҳои 58 нафар хатмкунандагони синфи 11 барои дарёфти аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ бо медали тилло ва нуқра ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Аз ҳисоби хатмкунандагони синфи 9 119 нафар соҳиби ҳуҷҷати намунаи давлатӣ аттестати аъло дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ гаштаанд.

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои таълимии пойтахт бо кадрҳои омўзгорӣ пайваста ҳамаи имкониятҳоро истифода намуда истодааст. Мутахассисони ҷавон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда, ба ҳолати имрўз 183 нафар ба кор ҳозир шуда, ҷиҳати фаъолият ба муассисаҳои таълимии ноҳияҳои пойтахт сафарбар карда шуданд.

Чи тавре, ки аз таҳлилҳо бармеояд, кормандони Филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе дар давраи ҳисоботӣ тавонистанд, ки 84 курсро бо фарогирии 2096 нафар ташкил намоянд, ки ин нишондод ба 110 дарсад иҷроиши нақша баробар мебошад.

Вобаста ба раванди тарбия дар нимсолаи аввали соли 2025 корҳои назаррасеро анҷом дода шуда, дар маҷмуъ аз ҷониби Сарраёсати маориф, шуъбаҳои маориф, муассисаҳои таълимӣ дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдор 622 суҳбату вохӯрӣ бо 158 ҳазору 933 падару модар ва хонандагони синфҳои 7-11 баргузор карда шуд.

Баҳри рушд, тарғиб ва ташвиқоти варзиш хусусан футболи хурд дар байни кормандони соҳаи маорифи пойтахт дар сатҳи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт мусобиқаҳои футболи хурд эълон карда шуда, бозиҳо дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда шуд. Минбаъд низ роҳандозӣ намудани чунин тадбирҳоро саривақти арзёбӣ намуда, таъкид менамоем, ки ҳамаи озмунҳо танҳо фориғ аз дарс ташкил ва баргузор карда шавад.

Ҳамзамон, рақамҳои телефонҳои боварии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт дар макони намоёни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва иловагии шаҳри Душанбе насб карда шудаааст, ки рақамҳо мунтазам фаъол буда, арзу шикоятҳои муроҷиаткунандагон сари вақт мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Тибқи натиҷаи ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 5-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 949 ҷойи ифтихорӣ дар мақоми аввал қарор дошта, нишондоди иштироки хонандагони шаҳри Душанбе дар олимпиадаҳои байналмилалӣ дар шашмоҳи аввали соли равон 335 ҷойро ташкил дод.

Бояд тазаккур дод, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид дар давраи истироҳати тобистона барои беҳдошти саломатии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ҳамзамон ҷалби онҳо ба сайёҳиву солимгардонӣ, тарбияи ватандўстиву завқи зебоипарастӣ тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон аз 12 июн то 4 – августи соли 2025 дар 2 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ: “Зимчуруд” –и ноҳияи Шоҳмансур ва “Шарора”-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо фарогирии 1720 нафар кўдакон ва 248 кормандону мураббиён дар 4 баст гузаронида мешавад.

Инчунин, дар назди 47 муассисаи таълимии пойтахт ва Муассисаи давлатии “Маркази кўдакон ва наврасони шањри Душанбе” барои 400 нафар дар 4 баст (дар як баст 100 нафар), майдончањои тандурустиву солимгардонӣ бо фарогирии 7760 нафар кўдакону наврасон аз ҳар як муассиса 160 нафарӣ дар 4 баст ба истироҳати тобистона фаро гирифта мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки фаъолият дар басти якуми истироҳатгоҳҳо санаи 12-уми июни соли 2025 оғоз гашта, рафти боздид нишон дод, ки имсол нисбат ба солҳои қаблӣ талаботи хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба фароғатгоҳҳо зиёд гаштааст, ки ин аз беҳтар будани шароити буду боши онҳо дар истироҳатгоҳҳо гувоҳӣ медиҳад. Ҳамзамон дар ҷаласаи якҷояи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе низ ин нукта таъкид гардида, аз ҷониби роҳбарони майдончаҳои солимгардониву истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ тасдиқ шуд.

Дар идома Исмоилзода Баҳром қайд намуданд, ки аҳли маорифи пойтахт баҳри расидан ба ҳадафҳои созанда ва татбиқи амалии вазифаҳои дар назди соҳаи маориф гузошташуда, бо дастгирии бевоситаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва иқдомҳои маорифмеҳваронаи шаҳрдорӣ аз тамоми имконоту шароити пойтахти кишвар самаранок истифода намуда, рисолати касбиву инсонии худро дар назди Ватан, ҷомеа, наслҳои имрӯзу фардо содиқона иҷро менамоянд.

Зеро аҳли маориф ҳамовоз ва руҳбаланд аз иқдомҳои наҷибу созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ буда, ғамхориҳои рузафзуни шаҳрдорӣ дар партави сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро бори дигар вазифадор менамояд, ки фаъолиятамонро беш аз пеш тавсеа бахшида, рисолати худро вобаста ба тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худогоҳиву ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу давлатӣ дар сатҳи хубу сифати баланд ба сомон расонем.

Дар ҷамъбаст, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур изҳори боварӣ намуданд, ки кормандони соҳаи маорифи пойтахт ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати баланд гардидани сифати таълиму тарбия, минбаъд низ бо азму иродаи қавӣ фаъолият менамоянд.

Пас аз муҳокимаи ҳамаҷониба аз ҷониби муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Р. А., муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Д.Р., директорони Литсейи Умари Хайём М.Назирзода ва Гимназияи №2 барои хонандагони болаёќати шаҳри Душанбе Ш.Шарифзода фаъолияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар шашмоҳаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид.

Дар анҷом Раҳмонзода Фаромарз Назришо оид ба рафъи ҳолатҳои коррупсионӣ ва пешгирӣ намудани ҷиноят оид ба фасод дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ ибрози андеша намуданд.

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ МУШОВАРА “ДОИР БА ФАЪОЛИЯТИ САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР ШАШМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025” img

    Добавить комментарий

    Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *