БОЗДИДИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ КИШВАР АЗ ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

Мақолаҳо

Имрӯз, 18 августи соли 2025 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Мансурӣ, сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Сафарзода, муовини вазири маориф ва илм Р. Каримзода, муовини раиси шаҳри Душанбе ва дигар шахсони расмӣ аз раванди баргузории даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дидан намуда, бо ҳайати ҳакамон, аъзои комиссияи апеллятсионӣ, омӯзгорон ва иштирокчиёни озмун вохӯрӣ ва суҳбат анҷом доданд.

Муовини Сарвазир зимни суҳбат бо иштирокчиён таъкид намуд, ки баргузории озмуни мазкур дар тӯли 7 сол тавонист як фазои солими рақобат, эҷодкорӣ ва донишандӯзиро дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа фароҳам оварда, симои маънавии хонандадагон, донишҷӯён, омӯзгорон ва пиру барнои тоҷикро дар рӯҳияи худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва дӯст доштани китобу маърифат ташаккул бахшад.

Гуфта шуд, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб баргузор мегардад, ба яке аз маъракаҳои муҳимми маърифативу фарҳангӣ табдил ёфта, нақши калидӣ дар боло бурдани завқи китобхонӣ, тақвияти маънавиёти ҷомеа ва таҳкими арзишҳои миллӣ дорад.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки маҳз тавассути ин озмун ҳазорон иштирокчӣ аз тамоми гӯшаву канори кишвар имкони рӯнамоии донишу маҳорати худро аз рӯйи чор номинатсия — «Адабиёти классикии тоҷик», «Адабиёти муосири тоҷик», «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ» ва «Адабиёти ҷаҳон» пайдо намуда, дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа саҳми назаррас гузоштаанд.

Муовини вазири маориф ва илм дар навбати худ баргузории озмунро иқдоми муассир арзёбӣ намуда, афзуд, ки озмун на танҳо воситаи таблиғи китоб ва китобдорӣ аст, балки таконбахши рушди фикрии насли наврасу ҷавон, эҳёи анъанаҳои хониши китоб ва бедории зеҳнии ҷомеа мебошад.

Сипас, Раиси комиссияи озмун Дилрабо Мансурӣ бо кори комиссияи апеллятсионӣ шинос гардида, ҷараёни расидагӣ ба арзу муроҷиатҳои иштирокчиёнро низ мавриди арзёбӣ қарор дод.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли равон низ бо фарогирии васеи аҳолӣ ба роҳ монда шудааст.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

БОЗДИДИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ КИШВАР АЗ ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» img
БОЗДИДИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ КИШВАР АЗ ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» img
БОЗДИДИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ КИШВАР АЗ ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» img

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *