БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

Мақолаҳо

05.07.2025

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт аз ҷараёни сохтмони бинои иловагии таълимӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 воқеъ дар деҳаи Ҳазорчашмаи Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак боздид намуд.

Сохтмони бинои иловагӣ бо мақсади беҳтар намудани шароити таълимӣ ва фароҳам овардани муҳити мувофиқ барои хонандагон оғоз гардида, аз ҷониби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов амалӣ шуда истодааст. Айни ҳол корҳои бардоштани деворҳо аз хишт дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 дар ҳоли ҳозир 147 нафар хонандаро ба таълим фаро гирифта, 12 нафар омӯзгор ба онҳо дарс мегӯянд.

Зимни боздид вазири маориф ва илм ҷараёни корҳои сохтмониро мусбат арзёбӣ намуда, ба масъулин барои риояи сифати баланд ва анҷом додани сохтмон дар муҳлати муқарраршуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ img
БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ img
БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ img

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *