ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МТМУ №68 ДЕҲАИ ЯРХАБ-ЧУҚУРАК ДИДАН НАМУД

Мақолаҳо

04.07.2025

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз рафти корҳои сохтмонии бинои иловагии таълимӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68 воқеъ дар деҳаи Ярхаб-Чуқураки Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак дидан намуд.

Сохтмони бинои иловагӣ бо мақсади беҳтар намудани шароити таълим ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои хонандагон амалӣ шуда истодааст. Иншооти мазкур бо дастгирии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон бунёд мегардад.

Айни ҳол корҳои бардоштани деворҳо аз хишт ва болопӯш намудани иншоот ба анҷом расида, бомпӯшкунии сохтмон дар арафаи анҷомёбист. Бо сохта шудани бинои иловагӣ, имконият фароҳам меояд, ки хонандагон дар шароити беҳтару муосир таълим гиранд.

Зимни боздид вазири маориф ва илм ҷараёни корҳои сохтмониро қаноатбахш арзёбӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати таъмин намудани сифати баланди сохтмон ва риояи муҳлати муайяншудаи анҷомёбӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *