ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БАЙНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИДОРАИ МАОРИФИ ШАҲРИ СЕЖОНГИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ

Мақолаҳо

Дар доираи сафари расмии ҳайати Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими расмии имзои Ёддошти тафоҳум баргузор гардид.

Созишномаи мазкур, ки то соли 2028 амал хоҳад кард, ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаи маорифи рақамӣ равона гардида, тавсеаи муносибатҳои судманд байни Тоҷикистону Кореяро дар ин самт дар назар дорад.

Маросим бо суханронии муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода оғоз гардид. Муовини якуми вазир иброз дошт, ки имзои Ёддошти тафоҳум бо Идораи маорифи Сежонг барои мо як қадами муҳимм дар роҳи рушди маорифи рақамӣ ва ҷалби таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад. Мо умедворем, ки ин ҳамкориҳо дар таҳкими иқтидори омӯзгорон, ташаккули муҳити рақамии таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти босифат нақши муассир мегузоранд.

Сипас, роҳбари ҳайати меҳмонон, ҷаноби Чхве Гё Ҷин, директори Идораи маорифи шаҳри Сежонг, бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи ҳамкориҳои ҷонибҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр намуд, ки ҳамкориҳо дар соҳаи маорифи рақамӣ ва мубодилаи омӯзгорон, имкони нави муаррифии Тоҷикистону Корея фароҳам хоҳанд омад.

Гуфта шуд, ки бар пояи санади имзошуда, дар Корея метавонанд омӯзгорони тоҷик омӯзишҳои рақамӣ, таҳкими инфрасохтор ва татбиқи таҷрибаҳои муосири таълимиро омӯзанд.

Ҳамчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаи таҳияи муштараки маводи таълимӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ (AI) ва истифодаи самараноки таҷрибаи Корея дар таҳкими инфрасохтори рақамии мактабҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки ҳамкории дуҷониба дар заминаи маориф ҳамчун намунаи муносибатҳои муваффақ байни Тоҷикистону Корея хизмат хоҳад кард ва боиси тақвияти ҳамдигарфаҳмии фарҳангӣ ва таҳкими дӯстии байни халқҳо мегардад.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БАЙНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИДОРАИ МАОРИФИ ШАҲРИ СЕЖОНГИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ img
ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БАЙНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИДОРАИ МАОРИФИ ШАҲРИ СЕЖОНГИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ img

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *