24 феврали соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода бо ҳайати ташаббуси Giga ва намояндагони ЮНИСЕФ вохӯрӣ баргузор намуд.
Вохӯрӣ бо ҳадафи муаррифии расмии ташаббуси Giga ва баррасии имкониятҳои ҳамкорӣ ҷиҳати пайваст намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба интернет доир шуд.
Зимни мулоқот нақшаи кории хароҷотнокшуда вобаста ба пайвастшавии мактабҳо ба интернет пешниҳод гардида, масъалаҳои харитасозии муассисаҳои таълимӣ, муайян намудани вазъи мавҷудаи пайвастшавӣ ва қадамҳои минбаъдаи татбиқи лоиҳа мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки таъмини муассисаҳои таълимӣ бо интернети босуръат заминаи муҳимми рушди маорифи рақамӣ ва баланд бардоштани сифати таълим ба шумор меравад.
Муовини якуми вазир аҳаммияти муҳим доштани масъалаи дастрасии мактабҳо ба интернетро зикр намуда, иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илм омода аст ҳамкориҳоро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла бо ЮНИСЕФ, дар самти рақамикунонии соҳаи маориф ва фароҳам овардани имкониятҳои баробари таълим барои хонандагон густариш диҳад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкорӣ дар доираи ташаббуси Giga минбаъд низ идома ёфта, тадбирҳои мушаххас барои пайваст намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба интернети босуръат марҳила ба марҳила амалӣ карда мешаванд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон



