Рӯзи 01.04.2022 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯро оид ба технологияи иттилоотию коммуникатсионии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷ. Ҷӯразода ва аъзоёни Шӯро баргузор гардид. Дар Шӯро ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода оид ба фаъолияти Шӯрои технологияи иттилоотию коммуникатсионии назди Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, базаи моддии техникӣ, директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом оид ба фаъолияти Шӯрои технологияи иттилоотию коммуникатсионии назди коллеқ ва директори Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри душанбе оид баа амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сетиябри соли 2017, №443 дар бораи «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ-коммуникасионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» ҳисобот пешниҳод намуданд.